Мусобиқаи миллӣ «Гуштингирӣ» дар шаҳри Ҳисор: анъанаҳое, ки ҷомеаро муттаҳид месозанд – ИА Караван Инфо
Мусобиқаи миллӣ «Гуштингирӣ» дар шаҳри Ҳисор: анъанаҳое, ки ҷомеаро муттаҳид месозанд

Душанбе, 06 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мусобиқаи гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ» аз рӯи усулҳои «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид. Ин мусобиқа ҳамчун намунаи равшани ҳифз ва тарғиби анъанаҳои миллии варзишӣ баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа зиёда аз 60 нафар сокинон, аз ҷумла ҷавонони варзишгар, иштирок намуда, неру, чолокӣ ва эҳтиром ба арзишҳои қадимаи гӯштини миллиро ба намоиш гузоштанд. Чорабинӣ таваҷҷуҳи васеи ҷомеаро ба худ ҷалб кард: беш аз 3 000 нафар сокинони маҳаллӣ намояндагони деҳаҳо ва маҳаллаҳои худро самимона ҷонибдорӣ намуда, фазои идона ва ваҳдати ҷамъиятиро фароҳам оварданд.

Баргузории мусобиқа дар қолаби «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» ба таҳкими робитаҳои дӯстона байни ҷомеаҳо, тарбияи ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва рақобати солим дар миёни ҷавонон мусоидат намуд. Ташкилкунандагон таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо дар ҷалби насли наврас ба фарҳанги миллӣ, арзишҳои суннатӣ ва тарзи ҳаёти фаъол нақши муҳим доранд.

Дар натиҷаи мусобиқа ғолибон ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи навбатии сабқатро ба даст оварданд, ки дар он онҳо имконият пайдо мекунанд, сатҳи маҳорати худро дар зинаи болотар нишон диҳанд ва номи деҳа ё маҳаллаи худро муаррифӣ намоянд.

Ташкилкунандагон изҳори боварӣ карданд, ки чунин мусобиқаҳо дар оянда низ мунтазам баргузор шуда, ба рушди намудҳои миллии варзиш, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

error: