Душанбе, 20 март, – АИ «Корвон Иттилоот».Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз маросимҳои рамзии ҷашни Наврӯз — корвони субҳгоҳӣ баргузор мегардад, ки 21 март паёми фарорасии баҳорро ба тамоми гӯшаҳои шаҳр мерасонад. Ин анъанаи қадимӣ бахше аз барномаи густурдаи ҷашнҳо дар Душанбе мебошад.

Ба иттилои Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, чорабиниҳо ҳанӯз пеш аз тулӯи офтоб оғоз мешаванд. Соати 04:00 дар Боғи Ғалаба гулхани Наврӯз афрӯхта шуда, маросими пухтани суманак баргузор мегардад, ки рамзи фаровонӣ ва некрӯзист.
Соати 06:00 аз чор дарвозаи пойтахт корвони Наврӯз бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор ба роҳ мебарояд. Ин корвони идона бо фазои шодӣ ва суруд ба ҳар гӯшаи шаҳр мерасад.
Сокинону меҳмонони Душанбе нидои суннатиро мешунаванд: «Намегӯед, ки нашунидед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватан баргашт!». Ин маросим пайванди наслҳоро таҳким бахшида, арзишҳои фарҳангиро эҳё мекунад.
Корвони Наврӯз як қисми ташаббусҳои васеи мақомоти шаҳрӣ ҷиҳати таҷлили шоистаи ҷашни байналмилалӣ мебошад. Дар рӯзҳои ид барномаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, сайругаштҳои оммавӣ ва намоишҳои ҳунарӣ бо иштироки аҳли санъат ва сокинон баргузор мегарданд.
Имрӯз Наврӯз дар Тоҷикистон на танҳо ҷашни табиат, балки таҷассумгари дастовардҳои даврони истиқлолият ва ормонҳои ҷомеа ба сӯи пешрафт мебошад. Корвони идона ин арзишҳоро ба таври зинда ва таъсирбахш таҷассум мекунад.
Акс: Dushanbe-travel
