Душанбе, 27 май, АИ Караван Инфо. Санаи 29 май дар китобхонаи Миллии Точикистон форуми “Занон дар хифзи пиряххо” — чорабинии калиди дар арафаи конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо, ки аз санаи 29 то 31 май дар Душанбе тахти сарпарастии СММ баргузор мешавад, баргузор мегардад.

Чорабини намояндагони сохторхои давлати, ташкилотхои байналмилали, муассисахои илми, чомеаи шахрванди ва харакатхои чавононро муттахид мекунад.
Мавзуъхои форум ба самтхои асоси дахл доранд:
- иштироки занон дар кохиш ва мутобикшави ба тагйирёбии иклим,
- ташаббуси занон дар хифзи пиряххо,
- аз таъсири тагйиребии иклим ба хаети занон, махсусан дар минтакахои дехот ва кухи.
Ба рохбарии занон дар масъалахои идоракунии устувори захирахои об ва хифзи мухити зист диккати махсус дода мешавад. Форум ба тахкими хамкорихои байналмилали, пешбурди ташаббусхои экологи ва иклимии занон ва ташкили платформа барои муколамаи устувор ва мубодилаи тачриба нигаронида шудааст. Он барои муттахид намудани талошхои занони минтака дар мубориза бо мушкилоти глобали обшавии пиряххо, норасоии об ва бад шудани вазъи экологи пешбини шудааст.
Дар доираи чорабини ташаббуси ташкили платформаи минтакавии занон, дастгирии шабакаи занони пешво, пешбурди лоихахои илмии занон дар сохаи экология ва иклим барраси намуда мешавад.
Хамчунин дар ин руз Муколамаи занони Осиёи Маркази-2025 расман огоз мегардад, ки раёсати он соли чори ба Чумхурии Точикистон тааллук дорад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода