Намояндагони Точикистон ва Арабистони Сауди рушди муносибатхои тичоративу иктисодиро барраси намуданд – ИА Караван Инфо
Намояндагони Точикистон ва Арабистони Сауди рушди муносибатхои тичоративу иктисодиро барраси намуданд

Санаи 24 июли соли 2024 дар Душанбе тахти рохбарии кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон мизи мудаввар бо иштироки 100 намояндаи бахшхои давлативу хусусии Точикистон ва Арабистони Сауди баргузор гардид.

Вазифаи асосии чорабини муаррифии иктидор ва имкониятхои сармоягузори ба иктисодиёти Точикистон ва густариши хамкорихои тичоративу сармоягузори тавассути ташкили муколамаи озод байни сохибкорону сармоягузорон, инчунин чустучуи роххои нави хамкори дар самти таъсиси корхонахои муштарак мебошад.

Инчунин, пас аз баргузории мизи мудаввар вохурихо дар форматхои B2B (Бизнес бо бизнес) ва B2G (Бизнес бо давлат) баргузор шуданд.

Иштирокчиён рушди муносибатхои дучониба ва хамкории мутакобилан судмандро, ки тамоми сохахои иктисодиётро фаро мегирад, баланд арзёби намуданд.

Илова бар ин, дар бораи гузаронидани чунин чорабинихо ба мувофика расиданд.

Аксхо: кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон

error: