Москва, 23 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Котиботи СААД машваратҳои солонаи роҳбарони воҳидҳои иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмон баргузор гардид. Иштирокчиён ҳамкорӣ дар фазои ВАО ва муқовимат ба иттилооти нодурустро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ-и ҶҚ.

Мавзӯи асосии мулоқот ба роҳ мондани ҳамкории оперативии хадамоти матбуотии идораҳои сиёсати хориҷӣ бо Котиботи СААД барои дастгирии иттилоотии фаъолияти созмон буд.
“Табодули пурмазмуни таҷриба оид ба масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии иттилооти нодуруст ва қалбакӣ, аз ҷумла истифодаи беинсофонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ сурат гирифт”, – қайд намуданд вазорат.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба табодули фаврии маводҳои муосир ва таҳкими эътибори СААД дар фазои ВАО диққати махсус диҳанд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ.
