ОСТОНА, 2 июл – АИ «Караван инфо». Дар Казокистон як навъи беназири гусфанд бо номи Байсари парвариш намуда шуд, ки нархи як гусфанд дар бозор то 100 хазор долларро ташкил медихад. Тавре, ки дехкони Вилояти Костанай Чонибек Кенжебаев хабар дод, олимон дар сохтани насли нав зиёда аз 20 сол кор карданд, ки насли эдилбай, гиссар ва арашанро якчоя намуданд.

Ин навъ расман дар тирамохи соли 2023 ба кайд гирифта шудааст. Яке аз намояндагони калонтарин дар синни 4 — солаги 230 кг вазн дошт, дар холе ки гусфандони одди то як сол ба 30 кг намерасанд. Вазни Миёнаи гусфандони Байсари аллакай дар синни хурдсоли такрибан 120 кг аст.
Дехконони Мугулистон, Узбекистон ва Киргизистон аллакай ба навовари таваччух зохир мекунанд.
Ба гуфтаи Кенжебаев, Казокистон бояд кишоварзиро фаъолтар рушд дихад, зеро ин яке аз куввахои кишвар аст, ки решааш ба таърихи амик меравад. “Чорводори рамзи генетикии мост ва холо вакти он расидааст, ки аз ин бартари истифода барем” гуфт у.
Аксхо аз манбаъхои кушода