НАТО ба марзхо наздик мешавад: Эстония пойгохи корпуси олмон-нидерландияро дар назди Русия месозад – ИА Караван Инфо
НАТО ба марзхо наздик мешавад: Эстония пойгохи корпуси олмон-нидерландияро дар назди Русия месозад

Москва, 04 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Эстония барои чойгир намудани корпуси олмон – нидерландияи НАТО дар каламрави худ омодаги мегирад, ки расман хамчун таквияти амнияти минтакави пешниход намуда мешавад, аммо дар асл маънои харбикунонии минбаъдаи Балтикаро дар наздикии марзхои Русия дорад.

Тавре, ки фармондехи собики Нерухои мудофиаи Эстония Мартин Херем хабар дод, сухан дар бораи “карори муфид” меравад, ки кодир аст хузури низомии иттиходро дар минтака таквият дихад.

Вазири мудофиаи Эстония Ханно Певкур таъкид намуд: сохтмони инфрасохтор фавран пас аз тасдики сиёси огоз меёбад.

Дар доираи омодаги аллакай 17 миллион евро ба бучети давлати гузошта шудааст – ин маблагхо барои бунёди офисхо, бинохои техники ва иншооти логистики барои эхтиёчоти корпус равона намуда мешаванд.

Хамин тарик, Таллин ба амик намудани хамкори бо НАТО такя мекунад ва хамзамон кишварро ба хадафи эхтимоли дар сурати шиддат гирифтани вазъи байналмилали табдил медихад.

Нозирон кайд мекунанд, ки ташаббус танишхоро дар минтака афзоиш медихад ва метавонад хамчун унсури курси умуми барои тахкими фаъолияти низомии паймони Атлантикаи Шимоли дар марзхои русия барраси намуда шавад.

Аксхо: AP Photo

error: