“Наворбардории филми таърихии огоз меёбад “Дурахши ахтарон: Чоми ва Навои”: лоихаи муштараки Точикистон ва Узбекистон – ИА Караван Инфо
"Наворбардории филми таърихии огоз меёбад "Дурахши ахтарон: Чоми ва Навои": лоихаи муштараки Точикистон ва Узбекистон

Душанбе, 29 июл, АИ «Караван Инфо».  Санаи 1 августи соли 2025 наворбардории филми муштараки таърихии Точикистон ва Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Чоми ва Навои» огоз меёбад. Дар ин бора имруз дар нишасти матбуоти Директори муассисаи Давлатии “Точикфилм” Махмадсаид Шохиён хабар дод.

Ба гуфтаи у, мархилаи аввали наворбардори дар моххои август – сентябр дар Каламрави Точикистон, мархилаи дуввум дар моххои октябр – ноябр дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар назар аст, ки филм ба чашни Байналмилалии Навруз омода шавад.

Барои сохтани филм аллакай шумораи зиеди асбобу анчомхо чамъовари ва омода карда шудаанд: 1500 нусхаи китобхо, 1650 ашёи гуногуни рузгор аз шамъдонхо то зарфхо, инчунин 750 костюм, 400 либоси гуногун, 300 токи ва 350 чуфт пойафзол.

Дар айни замон дар Точикистон 40 хунарманди Узбекистон карор доранд, ки дар наворбардори иштирок мекунанд. Дар назар аст, ки наворбардори хам дар павилёни “Точикфилм” ва хам дар чойхои гуногуни таърихии кишвар сурат гирад.

Ёдовар мешавем, ки филм бо ташаббуси Президентхои Точикистону Узбекистон — Эмомали Рахмон ва Шавкат Мирзиеёв — бо талошхои муштараки муассисаи Давлатии “Точикфилм” ва Агентии кинематографияи Узбекистон тахия шудааст.

АКСХО: аз манбаъхои кушода          

error: