Навовари дар Хатлон: дар нохияи Панч боги технологи бо арзиши 2 миллион сомони таъсис дода мешавад – ИА Караван Инфо
Навовари дар Хатлон: дар нохияи Панч боги технологи бо арзиши 2 миллион сомони таъсис дода мешавад

Душанбе, 04 август, АИ «Караван Инфо». Дар нохияи Панчи вилояти Хатлон сохтмони боги инноватсиони – технологи огоз ёфт. Иншоот дар дехаи Уртабулок тибки супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон сохта шуда, ба 35-солагии истиклолияти Давлатии мамлакат бахшида шудааст.

Лоиха ба рушди иктисодиёти махалли, васеъ намудани иктидори истехсоли ва таъсиси чойхои нави кори равона шудааст.

Мувофики карори Хукумати Чумхурии Точикистон барои чойгир намудани технопарк 3 гектар замини ба литсейи касби-техникии нохия тааллукдошта чудо карда шуд. Ин имкон медихад, ки инфрасохтори таълими барои эхтиечоти истехсоли ва тайёр намудани кадрхо самаранок истифода шавад.

Дар худуди 1 гектар ташкили истехсолот оид ба истехсоли макарон, равган ва бастабандии писта ба накша гирифта шудааст. Арзиши умумии лоиха 2 миллион сомониро ташкил медихад. Интизор меравад, ки технопарк барои сокинони нохияи Панч такрибан 50 чойи кори таъмин кунад.

Таъсиси парки инноватсиони – технологи дар Панч хамчун кадами навсозии технологии минтака арзёби мешавад. Ин яке аз намунахои аввалини якчоя намудани агротехника, истехсолоти хурд ва тахсилоти касби дар фазои ягона мебошад. Татбики чунин лоихахо ба рушди устувори нохияхои дехот ва тахкими мустакилияти иктисодии минтакахо мусоидат мекунад.

АКСХО: Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон

error: