Душанбе, 04 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2026 дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март соати 19:45 бо вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, маҳз дар ҳамин лаҳза маркази Офтоб ҳангоми ҳаракати намоёнии солонаи худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Нуқтаи буриши роҳи намоёнии Офтоб (эклиптика) бо хатти экватори осмонӣ нуқтаи эътидоли баҳорӣ номида мешавад.
Аз нигоҳи илмӣ, эътидол маънои баробар шудани тақрибии дарозии шабу рӯзро дар саросари Замин дорад. Аз ҳамин лаҳза дар нимкураи шимолӣ баҳори астрономӣ оғоз мегардад, ки бо таҷлили Наврӯз — ҷашни бостонии эҳёи табиат ва оғози давраи нави кишоварзӣ — ҳамзамон меояд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки муайян кардани лаҳзаи дақиқи эътидол бар асоси қонунҳои механикаи осмонӣ ва ҳаракати Замин дар гирди Офтоб сурат мегирад. Соли 2026 ин падида дар соатҳои бегоҳӣ рух медиҳад, ки рамзи анҷоми як давраи табиӣ ва оғози марҳилаи нав мебошад.
Дар тасвире, ки бо истифода аз барномаи астрономии Stellarium омода шудааст, мавқеи Офтоб дар лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода мешавад. Офтоб маҳз дар нуқтаи эътидол — дар буриши эклиптика ва экватори осмонӣ қарор дорад.
Ҳамин тариқ, Наврӯзи соли 2026 на танҳо бо суннати фарҳангӣ, балки бо рӯйдоди дақиқи астрономӣ таҷлил мегардад, ки пайванди чандинасраи тақвим бо ҳаракати ҷирмҳои осмониро тасдиқ мекунад.
Акс: Институти астрофизикаи АМИТ / тасвир аз барномаи Stellarium
