Душанбе, 19 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода мешавад. Ин иқдом Наврӯзро аз доираи як ҷашни суннатӣ берун оварда, ба он мақоми як ниҳоди фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебахшад. Супориши мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки фалсафаи ҷовидона, таҷассумгари арзишҳои инсондӯстӣ, пайванди наслҳо ва мероси маънавии ҳазорсолаҳо мебошад.
Дар Паём аҳамияти анъанаҳо ва ойинҳои инсондӯстонаи Наврӯз ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас махсус зикр гардид. Таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ба ҳифз, омӯзиш ва интиқоли ин мероси маънавӣ ба ҷавонон равона хоҳад шуд.
Ин марказ ҳамзамон метавонад ба минбари муколамаи байналмилалӣ табдил ёбад, ки дар он олимон, фарҳангшиносон ва намояндагони кишварҳое, ки Наврӯз ҷузъи ҳувияти таърихии онҳост, ба ҳам меоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки татбиқи ин иқдом далели раднопазири таърихи 6-ҳазорсолаи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хоҳад буд. Ба ҳамин хотир, ба Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳавӣ супориш дода шуд, ки бо ҷалби олимону мутахассисон консепсияи Маркази байналмилалии Наврӯз-ро таҳия намоянд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи консепсия бояд ба анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ойинҳои қадимаи шаҳрсозӣ ва идоракунии шаҳрҳои тоҷикон такя карда шавад. Консепсияи омодашуда бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.
Ба андешаи коршиносон, таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе метавонад мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун нигоҳдоранда ва муаррифгари яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшад.
Ҳамин тавр, Наврӯз дар Тоҷикистон мақоми нав касб мекунад — ҳамчун рамзи хотираи таърихӣ, ваҳдати маънавӣ ва устувории фарҳангӣ, ки ҳамзамон ба гузашта такя дорад ва ба оянда нигаронида шудааст.
АКС: Шуъбаи рушди туризми шаҳри Душанбе
