Наврӯз дар минтақаи Кӯлоб: эҳёи суннатҳо ва ҷашни бозиҳои миллии варзишӣ – ИА Караван Инфо
Наврӯз дар минтақаи Кӯлоб: эҳёи суннатҳо ва ҷашни бозиҳои миллии варзишӣ

Душанбе, 17 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангиву фароғатӣ ва фестивалҳои бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳо бо иштироки сокинон, ҷавонон ва дӯстдорони варзиш сурат гирифта, фазои идона ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ дар тамоми минтақа эҳсос мешуд.

Фестивалҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи асосии онҳо эҳё ва рушди анъанаҳои варзиши миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар рафти чорабиниҳо зикр гардид, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги башарият дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Бо ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат ин ҷашни бостонӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мешавад.

Дар доираи ҷашн сокинон ва меҳмонон бо намоиши расму ойинҳои қадимии наврӯзӣ, суннатҳои миллӣ, таомҳои анъанавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд. Ҳунармандони маҳаллӣ маҳсули дастони худро ба маъраз гузошта, аз ғановати фарҳанги миллӣ ва ҳунари волои мардуми тоҷик дарак доданд.

Ҳамзамон, дар фестивали бозиҳои миллии варзишӣ мусобиқаҳои гуногун баргузор гардида, варзишгарону ҷавонон дар фазои рақобати солим қувваозмоӣ намуданд. Ин мусобиқаҳо на танҳо рӯҳияи варзиширо таҳким бахшиданд, балки имконият фароҳам оварданд, ки анъанаҳои бостонии бозиҳои миллӣ дубора эҳё ва ба наслҳои ҷавон муаррифӣ шаванд.

Коршиносон таъкид менамоянд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ барои гиромидошти мероси ниёгон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим аҳамияти муҳим дорад.

Бо наздик гардидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузории чунин чорабиниҳо бештар гардида, онҳо ба эҳёи суннатҳои миллӣ, таҳкими рӯҳияи идона ва арҷгузорӣ ба фарҳанги қадимаи тоҷикон мусоидат менамоянд.

АКС: Алишери Абдулмаҷид, нашрияи “Хатлон”

error: