Навруз хамчун пули дусти: Точикистон, Узбекистон ва Киргизистон хамкорихои сайёхиро рушд медиханд – ИА Караван Инфо
Навруз хамчун пули дусти: Точикистон, Узбекистон ва Киргизистон хамкорихои сайёхиро рушд медиханд

Санаи 1 апрел дар Хучанд (Вилояти Сугд) форуми мухими минтакави бахшида ба рушди сайёхи ва робитахои фархангии Кишвархои Осиёи Маркази баргузор гардид. Чорабини бо номи “Навруз-кадимтарин мероси фарханги ва сайёхии минтака” дар доираи чашни Навруз баргузор гардид ва намояндагони воломакоми Точикистону Узбекистон ва Киргизистонро чамъ овард.

Дар байни иштирокчиёни асоси муовини Сарвазири Точикистон Дилрабо Мансури, раиси Кумитаи Рушди сайёхии Точикистон Чамшед Чумахонзода, Рохбари Кумитаи сайёхии Узбекистон Умид Шадиев ва директори департаменти сайёхии Киргизистон Эрденет Касимов буданд. Хамчунин, намояндагони тичорати сайёхии се кишвар хузур доштанд.

Дилрабо Мансури дар суханронии худ ахамияти махсуси Навруз хамчун рамзи вахдат, дусти ва эхёи табиатро таъкид намуд. Вай кайд намуд, ки ба шарофати сиёсати окилонаи Президенти Точикистон Эмомали Рахмон муносибатхои неки хамсояги бо тамоми кишвархои минтака мустахкам гардида, барои рушди сайёхи шароити мусоид фарохам оварда шудааст.

Иштирокчиёни форум дурнамои хамкори дар сохаи сайёхи, аз чумла мубодилаи тачриба, тахияи стратегияхои муштараки маркетинги ва ташкили хатсайрхои нави фаромарзиро мухокима намуданд. Ба масъалахои афзоиши чараени сайёхи байни кишвархо ва рушди инфрасохтор диккати махсус дода шуд.

Натичаи мухими мулокот имзои як катор созишномахо дар бораи хамкори байни ширкатхои сайёхии се давлат буд. Ин хуччатхо барои татбики лоихахои муштарак ва баргузории чорабинихои мунтазам дар оянда замина гузоштанд.

Форуми Хучанд тасдики равшани он буд, ки Навруз муттахидсозии халкхои Осиёи Марказиро идома дода, на танхо хамчун чашни кадими, балки хамчун воситаи муассири рушди хамкорихои минтакави дар сохаи сайёхи ва фарханг баромад мекунад.

АКСХО: Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон

error: