Душанбе, 20 июн, АИ «Караван Инфо». Дар Точикистон санчиши васеи прокурори дар сохаи энергетикаи барк идома дорад, ки дар чараёни он беш аз 500 конуншиканихо ошкор гардида, 130 парвандаи чинояти огоз гардида, нисбати 3,5 хазор нафар чорахои маъмури ва интизоми андешида шудаанд.

Тавре, ки муовини Прокурори Генерали Сарвар Азимзода дар чаласаи гурухи кори дар ОАХК “Барки Точик” хабар дод, санчишхо шахрхо ва нохияхои тобеи чумхуриро фаро гирифтанд, ки дар онхо беш аз 520 далели истеъмоли гайриконунии неруи барк ва дахолат ба кори шабакахои барк ошкор намуда шуд.
Аз руи натичахои санчишхо:
* Дар минтакаи НТМ танхо дар 5 мох 25 парвандаи чинояти огоз намуда шуд;
* 250 протоколи маъмури ба расмият дароварда шудааст;
*Зиёда аз 13 миллион сомони карз чуброн намуда шуд;
Дар мачмуъ дар саросари кишвар 130 парвандаи чинояти огоз гардида, зиёда аз 39 миллион сомони зарар расонида, илова бар ин зиёда аз 200 миллион сомони карз ситонида шудааст.
Зимни суханрони муовини Сарвазир Усмонали Усмонзода ёдовар шуд, ки санаи 15 апрели соли 2025 Президент Эмомали Рахмон тагйирот ба Кодекси хукуквайронкунихои маъмури ва кодекси Чиноятиро имзо намуд. Ин навоварихо чазоро барои пайвастшавии гайриконуни ба шабакахои барки ва дахолат ба кори хисобкунакхо сахттар мекунанд.
Гурухи кори масъалахоро мухокима намуд:
*кам намудани талафоти барк;
* баланд бардоштани интизоми истеъмолкунандагон ва энергетикхо;
* таквияти корхои фахмондадихи ва пешгирикунанда дар байни ахоли;
* назорати техникии дастгоххои бахисобгири.
Ташаббуси васеи прокурори ба баланд бардоштани самаранокии бахши энергетика, мубориза бо коррупсия ва таъмини таксимоти одилонаи захирахо равона шудааст.
АКСХО: аз манбаъхои кушода