Москва, 30 июли соли 2025 АИ «Караван Инфо». Парлумони Нидерландия таътили тобистонаро пеш аз мухлат ба анчом расонид ва дар бораи вазъи Газза бахсхои гайринавбати баргузор мекунад.
Карор дар пасманзари авч гирифтани бухрони башардустона дар анклави фаластин кабул шудааст, хабар медихад ширкати телевизионии NOS.

Сабаби ин, ташаббуси охирини хукумати Нидерландия буд, ки вазирони исроили Итамар Бен-Гвир ва Бесалел Смотричро шахсиятхои нон грата эълон намуд.
Дар Гаага изхор доштанд, ки харду сиёсатмадор борхо ба хушунат алайхи фаластинихо даъват намудаанд ва гояхои тозакунии этники дастгири намудаанд.
Чавоби Исроил фавран ба ммал омад. Раиси ВКХ Гидеон Саар ба сафири Нидерландия Марриет Шурман эътироз намуда, Гаагаро дар риторикаи душмани айбдор намуд.
Дар навбати худ, Вазири корхои хоричии Нидерландия Каспер Велдкамп сафири исроилро даъват намуд ва зарурати кадамхои фаври барои катъи садамаи башардустона дар Газзаро таъкид намуд.
Тибки маълумоти СММ, дар Газза мардуми осоишта кушта мешаванд ва дастраси ба об, гизо ва ёрии тибби махдуд боки мемонад.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари интикоди афзояндаи байналмилали, Бритониё ва Фаронса омодагии худро барои эътирофи истиклолияти Фаластин изхор доштанд, агар Исроил аз карори ду давлат даст кашад.
Аксхо аз манбаъхои кушода