Ноиби президенти Эрон Чавод Зариф истеъфо дод – ИА Караван Инфо
Ноиби президенти Эрон Чавод Зариф истеъфо дод

Ноиби президенти Эрон оид ба масъалахои стратеги Чавод Зариф истеъфо дод, хабар медихад расонахои Эрон.

Истеъфои у пас аз импичменти вазири иктисод ва молия Абдолнасер Хеммати, ки парлумон уро 19 феврал аз вазифа барканор намуд, ба амал омад. Сабаби ин кохиши шадиди курби асъори милли буд.

Тибки маълумоти манбаъхо, изхороти Зариф хануз аз чониби Президенти Эрон Масъуд Пезешкиён кабул нашудааст.

Ин дуюмин кушиши Зариф барои тарки макоми ноиби президент аст. Мохи августи соли гузашта, хамаги нух руз пас аз таъин шуданаш, у низ дархости истеъфои худро пешниход намуд, зеро аз кори худ норози буд, аммо президент уро водор намуд, ки бимонад.

Чавод Зариф каблан Вазири корхои хоричии Эрон буд ва яке аз музокиракунандагони калидии созишномаи хастаии соли 2015 буд, ки байни Эрон ва кудратхои чахони баста шуда буд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: