Душанбе, 30 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал баромади худро дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, бо натиҷаи мусовӣ оғоз намуд.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ тими Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон рақобат карда, вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Ҳар ду даста бозии муназзаму боинтизом нишон дода, ба ҳамдигар имкони истифодаи лаҳзаҳои голзаниро надоданд.
Ин натиҷа ба тими миллии Тоҷикистон имкон дод, ки аввалин имтиёзро дар мусобиқа ба даст оварад ва шонси худро барои идомаи мубориза дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳифз намояд. Бозӣ бо яке аз рақибони асосии минтақавӣ сатҳи омодагии дастаро дар оғози мусобиқа нишон дод.
Дар даври дуюм, ки рӯзи ҷумъа, 30 январ баргузор мегардад, тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Ҷопон қувва меозмояд. Ин дидор барои муайян кардани мавқеи минбаъдаи даста дар гурӯҳ аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт.
Ҷоми Осиё оид ба футзал яке аз рақобатпазиртарин мусобиқаҳои қитъа ба шумор рафта, нишондиҳандаи муҳими рушди футзали миллӣ дар кишварҳои Осиё маҳсуб меёбад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
