Душанбе, 07 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Хатлон корҳои васеи таҷдиди инфрасохтори обёрӣ идома доранд, ки барои рушди устувори кишоварзӣ аҳамияти калидӣ доранд. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Джайхун раиси вилоят Давлатали Саид бо ҷараёни азнавсозии пойгоҳи обкашии №3 дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» шинос гардид.

Лоиҳа дар доираи барномаи SWIM (тақвияти идоракунии захираҳои об ва обёрӣ) амалӣ гардида, фармоишгари он Агентство мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан мебошад. Идоракунии лоиҳа аз ҷониби Центр управления проектами водных ресурсов Ферганской долины ба роҳ монда шудааст.
Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Всемирный банк таъмин гардида, ҳаҷми умумии он зиёда аз 8,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар доираи он таҷдиди панҷ пойгоҳи обкашӣ, насби 44 дастгоҳи муосир, иваз намудани қубурҳо, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва навсозии пурраи таҷҳизоти барқӣ пешбинӣ шудааст.

Айни замон беш аз 65 фоизи корҳои лоиҳа анҷом ёфтааст. Насби дастгоҳҳо, иваз намудани қубурҳо, тозакунии шабакаҳои обрасонӣ ва корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Аҳамияти асосии лоиҳа дар барқарорсозии иқтидори пурраи пойгоҳи «Қумсангир-3» мебошад, ки қаблан то 7500 гектар заминҳоро обёрӣ мекард. Бо сабаби фарсудашавии таҷҳизот ин нишондиҳанда коҳиш ёфта буд, аммо пас аз таҷдид интизор меравад таъминоти об пурра барқарор гардад.
Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки сарфи неруи барқ кам гардида, талафоти он ба таври назаррас коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи коршиносон, татбиқи чунин лоиҳаҳо барои истифодаи самараноки захираҳои об, рушди кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Акс: Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
