Душанбе, 21 июли соли 2025. Дар кароргохи Созмони Милали Муттахид санаи 19 июл муаррифии мухими экологи, ки аз чониби Точикистон ташкил намуда шуд, баргузор гардид. Дар доираи форуми сиёсии сатхи баланд оид ба рушди устувор (HLPF–2025) чаласае бо номи “Хифзи пиряххо — таъмини ояндаи умумии мо” баргузор гардид, ки дар он натичахои асосии конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо, ки аз санаи 29 то 31 майи соли 2025 дар шахри Душанбе баргузор гардид, пешниход гардид.

Максади асосии мулокот муаррифии эъломияи шахри Душанбе оид ба пиряххо ва мухокимаи хамкории глобали оид ба хифзи криосфера буд.
Раиси Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон Баходур Шерализода дар суханронии худ таъкид намуд, ки конфронс татбики амалии катъномаи A/RES/77/158 бо ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон, ки соли 2025-ро соли Байналмилалии хифзи пиряххо эълон намуд, гардид.
Эъломияи Душанбе шаш самти асосии хамкориро мустахкам намуд:
1. Баланд бардоштани огохии чахони ва фаъолсозии амалхо.
2. Дастгирии мониторинг ва тадкикоти илми дар доираи дахсолаи илмхои криосфера (20252034).
3. Ба сиёсати иклими давлатхо дохил намудани хифзи пиряххо.
4. Сафарбаркунии захирахои молияви ва кумаки байналмилали.
5. Бахисобгирии донишхои анъанави ва рушди равиши фарогир.
6. Дастгирии таълим ва рушди иктидори касби дар сохаи криология.
Чорабинии мазкур платформаи мухими байналмилали барои чустучуи халли мушкилот дар шароити обшавии босуръати пиряххо яке аз мушкилоти асосии асри XXI гардид. Дар мухокима хайатхои давлатхои узви СММ, намояндагони ЮНЕСКО, созмони чахонии метеорологи (WMO), идораи СММ оид ба масъалахои иктисоди ва ичтимои (UNDESA), олимон ва мутахассисони сохаи иклим ва рушди устувор иштирок намуданд.
Иштирокчиён пешсафии Точикистонро дар пешбурди мавзуи хифзи криосфера баланд арзёби намуда, омодагии худро барои хамкорихои минбаъда ва дастгирии кадамхои мушаххас дар ин самт изхор намуданд.
Ташкилкунандагони чорабини намояндагии доимии Точикистон дар назди СММ дар хамкори бо ЮНЕСКО, ВМО ва UNDESA буданд.
Аксхо: намояндагии доимии Чумхурии Точикистон дар назди СММ