Ояндаи иклим Дар Осиёи Маркази: Дар Ашхобод афзалиятхои минтакави барраси мешаванд – ИА Караван Инфо
Ояндаи иклим Дар Осиёи Маркази: Дар Ашхобод афзалиятхои минтакави барраси мешаванд

Душанбе, 15 май, АИ Караван Инфо. Дар пойтахти Туркманистон конфронси Хафтуми Осиёи Маркази оид ба тагйирёбии иклим (САКИК-2025) — платформаи калидии минтакави барои муколама ва тахияи карорхо оид ба устувории иклим ва рушди сабз баргузор мешавад.

Шиори асосии мулокоти хозира: “Расидан ба хадафи глобалии маблаггузории иклим тавассути татбики тадбирхои минтакави ва милли дар Осиёи Маркази”.

Дар кори конфронс хайатхои расмии Точикистон, Казокистон, Киргизистон, Узбекистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони созмонхои байналмилали, донорхо, чомеаи илми ва бахши шахрванди иштирок мекунанд.

Афзалиятхои иклими Точикистон: таваччух ба пиряххо ва мутобикшави.

Дар чаласаи умуми муовини раиси Кумитаи хифзи мухити зисти Точикистон Лоик Рахмонзода таъкид намуд, ки рузномаи иклимии Чумхури аз чумла:

  • хамгироии тадбирхои мутобикшави ба тамоми бахшхои иктисодиёт;
  • тавсеаи дастраси ба манбаъхои байналмилалии маблаггузории иклим;
  • рушди заминаи илми ва институтсионали;
  • эчоди мухити мусоиди танзимкунанда;
  •  хифзи пиряххо хамчун манбаи стратеги ва нишондихандаи иклим.

Вай кайд намуд, ки обшавии босуръати пиряххо дар дахсолахои охир ба яке аз мушкилоти шадиди экологи ва ичтимоию иктисодии минтака табдил ёфтааст.

Хайати точикистон хамчунин хамаи иштирокчиёнро ба конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо, ки аз санаи 29 то 31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.

Дар доираи конфронс сессияхои хамзамон ва мухокимахои панели оид ба мавзуъхо баргузор шуданд:

  •  механизмхои инноватсионии маблаггузории иклим;

 дар доираи ташаббуси “Пули сабз”чори намудани технология;

  • фаъолгардонии иштироки чавонон ва чомеаи шахрванди;
  • хамохангсозии минтакави оид ба лоихаи RESILAND CA+;
  •  халли экосистема ва баркарорсозии минтакахои биёбон.

Таваччухи махсус ба он аст, ки рушди устувор ва мубориза бо тагирёбии иклим бо хам алокамандии ногусастани доранд. Равиши хамачониба ва хамкори шартхои асосии рафъи мушкилоти иклим дар Осиёи Маркази мебошанд.

Конфронс 15 май бо сафари сахрои ба анчом мерасад, ки дар он иштирокчиён бо намунахои карорхои хифзи табиат аз баркарорсозии чангал то идоракунии устувори захирахои об дар шароити иклими биёбони шинос мешаванд.

Аксхо: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон

error: