Душанбе, 06 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон 03 феврал Форуми киберамният – 2026 таҳти унвони «Ояндаи рақамии бехатар: аз давлат то тиҷорат» баргузор шуд. Ин ҳамоиш ба як майдони муҳими касбӣ барои баррасии мушкилоти мубрами даврони рақамӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи киберӣ дар сатҳи миллӣ ва корпоративӣ табдил ёфт.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БОР) баргузории форумро дастгирӣ намуда, уҳдадории худро ҷиҳати рушди муҳити рақамии устувор, ҳифзшуда ва фарогир дар кишвар бори дигар тасдиқ кард. Дар кори форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахшҳои молиявӣ ва телекоммуникатсионӣ, инчунин коршиносони пешбари соҳаи амнияти иттилоотӣ ва рақамӣ иштирок намуданд.
Дар доираи форум Роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БОР) дар Тоҷикистон Холгер Виффел дар муҳокимаи панелӣ таҳти унвони «Механизмҳои фарогири амнияти миллии киберӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва танзими давлатӣ» иштирок намуд. Зимни баррасӣ таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ дар бунёди низоми киберамният, нақши давлат дар ташаккули заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва аҳамияти ҳамкории байнисоҳавӣ барои муқовимат бо таҳдидҳои рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус дар барномаи форум ба ниёзҳои бахши тиҷорат равона гардид. Роҳбари барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БОР) «Машваратҳо барои тиҷорати хурд» Мустафо Чонмамадов мизи мудавварро барои машваратчиён ва соҳибкорон таҳти унвони «Аз дарк то амал: киберамният ва зеҳни сунъӣ дар тиҷорат» роҳбарӣ намуд. Муҳокима ба гузариш аз дарки хатарҳои рақамӣ ба татбиқи чораҳои амалии ҳифз, инчунин ба имкониятҳо ва чолишҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар муҳити соҳибкорӣ бахшида шуд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаи он ки ширкатҳо, бахусус тиҷорати хурду миёна, чӣ гуна метавонанд устувории худро нисбат ба таҳдидҳои киберӣ баланд бардоранд, кадом тадбирҳоро бояд аллакай имрӯз амалӣ намоянд ва чӣ гуна киберамниятро ба идоракунии стратегӣ ва равандҳои амалиётӣ ворид созанд, баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳифзи рақамӣ имрӯз ҷузъи ҷудонашавандаи рақобатпазирӣ ва эътимоди мизоҷон ва шарикон ба шумор меравад.

Дар ҷараёни форум ҳамчунин масъалаҳои киберамнияти миллӣ ва корпоративӣ, ҳифзи маълумот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва нақши бахши хусусӣ дар ташаккули муҳити устувори рақамӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи хос ба воситаҳои амалии ҳифзи тиҷорат, низомҳои молиявӣ ва инфрасохтори муҳими рақамӣ зоҳир гардид.
Форуми киберамният – 2026 ба як платформаи муҳим барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ миёни давлат, шарикони байналмилалӣ ва бахши хусусӣ табдил ёфт. Коршиносон таъкид карданд, ки танҳо тавассути саъйи муштараки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор метавон ба таҳдидҳои рӯзафзуни рақамӣ посухи муассир дод ва ояндаи рақамии бехатар, устувор ва инноватсионии Тоҷикистонро шакл бахшид.
АКС: Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон
