Оё манзил дар Казокистон аз сабаби кодекси нави Андоз гаронтар мешавад? – ИА Караван Инфо
Оё манзил дар Казокистон аз сабаби кодекси нави Андоз гаронтар мешавад?

Казокистон, 1 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Казокистонихо изхори нигарони мекунанд, ки меъёрхои кодекси нави Андоз метавонанд ба хисоби миёна 20% болоравии нархи бозори амволи гайриманкулро ба бор оранд. Аммо Муовини сарвазир оид ба масъалахои инфрасохтори Роман Скляр хангоми брифинг дар хукумат дар бораи вазъ изхори назар намуда, изхор дошт, ки кодекси Андоз ба арзиши метри мураббаъ таъсир намерасонад.

Ба гуфтаи Скляр, дар соли чори сохтмони беш аз 19 миллион метри мураббаъ манзил ба накша гирифта шудааст. Вай кайд намуд, ки арзиши манзил дар кишвар аз чониби бозор танзим намуда мешавад, аммо хузури давлат хамчун фармоишгаре, ки амволи гайриманкулро аз сохтмончиёни хусуси харидори мекунад, такрибан 10 сол таъсир мерасонад.

Скляр таъкид намуд, ки дар айни замон арзиши амволи гайриманкул дар кишвар аз хад зиёд нест.

“Ман манзилхои синфи бизнес ё элитаро дар назар надорам, яъне амволи гайриманкули иктисоди. Он ба кадри зарури арзиш дорад. Ва мо дар ин чо тагйироти шадиди нархро намебинем”, – шарх дод муовини Сарвазир.

Вай инчунин илова намуд, ки арзиши манзил барои табакахои осебпазири ахоли, аз чумла дар доираи барномахои “Бакитти отбаси” ё барои чавонони коргар “Науриз Жумискер”, тибки хуччатхои лоихави-сметави ва фармоиши давлати, минбаъд низ танзим намуда мешавад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: