Душанбе, 16 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорон, ки дар Давлати Кувайт баргузор шуд, олими ҷавони тоҷик Мунира Роибова аз ҷониби ҳайати ҳакамон баланд қадр гардид ва сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра шуд. Ин дастовард на танҳо эътирофи байналмилалии кори илмии ӯ, балки шаҳодати қобилияти рақобатии ҷавонони тоҷик дар арсаи ҷаҳонии илмӣ мебошад.

Мунира Роибова, мудири Маркази малакаҳои таҷрибаомӯзӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, ҳамзамон аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Дар намоишгоҳ ӯ таҳқиқоте муаррифӣ кард, ки ба синтези биологии пайвастагиҳои кобалт бо дибазол бахшида шудааст.
Ин пажӯҳиш дар заминаи кафедраи химияи фармасевтӣ ва токсикологӣ анҷом ёфта, ба таҳияи пайвастагиҳои нави доруворӣ ва омӯзиши таъсири биологии онҳо равона гардидааст. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки чунин таҳқиқот дар оянда метавонад заминаи устувор барои рушди дорусозӣ ва эҷоди воситаҳои муосири табобатӣ фароҳам оварад.
Дар намоишгоҳ олимон ва ихтироъкорон аз 70 давлати ҷаҳон дастовардҳои худро дар соҳаҳои гуногуни илм ва технология муаррифӣ намуданд. Дар чунин фазои рақобати баланд, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра шудан нишонаи сатҳи баланди омодагии илмии Мунира Роибова ва эътирофи байналмилалии кори ӯ мебошад.

Иштироки муваффақонаи Мунира нишон медиҳад, ки неруи зеҳнии ҷавонони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ қобили рақобат буда, мактабҳои илмии кишвар тадриҷан мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшанд. Ин дастовард ҳамчунин аҳамияти робитаи илм ва амалияро таъкид мекунад: фаъолияти ӯ дар муассисаи таълимии тиббӣ заминаи мусоид барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар равандҳои омӯзишӣ ва амалияи тиб фароҳам меорад.
Пирӯзии муҳаққиқи ҷавон на танҳо ифтихори ҷомеаи илмӣ ва соҳаи тандурустии кишвар аст, балки барои дигар ҷавонони муҳаққиқ намунаи ибрат мебошад.
АКС: Маркази малакаҳои таҷрибаомӯзӣ, Коллеҷи тиббии Бохтар
