Олимони Қазоқистон дар Кейптаун дар мубориза бо фавти модарон навоварӣ пешниход намуданд – ИА Караван Инфо
Олимони Қазоқистон дар Кейптаун дар мубориза бо фавти модарон навоварӣ пешниход намуданд

Остона, 7 октябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Мутахассисони қазоқистонӣ дар соҳаи акушерӣ ва гинекология дар конгресси XXV Ҷаҳонии FIGO (федератсияи Байналмилалии акушерӣ ва гинекология) дар Кейптаун иштирок намуданд, ки дар он натиҷаҳои тадқиқоти худро оид ба наҷот додани ҳаёти модарон пешниҳод намуданд.

Ҳайати Қазоқистон натиҷаҳои тадқиқотро оид ба истифодаи технологияи REBOA (окклюзияи эндоваскулярӣ) ҳангоми афзоиши платсента, ки бо талафоти зиёди хун ҳамроҳ аст, пешниҳод намуд.

Тадқиқотро акушер-гинекологи ғайриштатии Вазорати тандурустӣ Гаури Бапаева, профессори донишгоҳи Назарбоев Милан Терзич ва духтур-резидент Н. Кадролдинова муаррифӣ намуданд.

Маълумоти онҳо самаранокии баланди  REBOA ро нишон дод:

  • Камшавии талафоти хун 31,6%.
  • Кам намудани ҳаҷми интиқол ба ҳисоби миёна 1700 мл.
  • Нигоҳ доштани функсияи репродуктивӣ дар 70,4% беморон.

Татбиқи ин технология имкон медиҳад, ки ҷарроҳии нигоҳдории узвҳо гузаронида шавад ва хатари мушкилоти марбут ба хунравии бузурги акушерӣ — яке аз сабабҳои асосии марги модаронро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Аксҳо: Вазорати тандурустии ҶҚ

error: