Душанбе, 27 май, АИ Караван Инфо. Дар байни Точикистон ва Узбекистон корхо оид ба лоихаи беназири фарханги — эчоди операи муштарак, ки рамзи бародари ва вахдати эчодии ду халк хохад буд, огоз ёфт.

Дар бораи накшахои намоиш директори театри давлатии академии Опера ва балети Точикистон ба номи С. Айни Камолиддин Сайфиддинзода хабар дод. Ба гуфтаи у, ташаббус сатхи баланди муносибатхои байнидавлатиро, ки тавассути муколамаи стратегии байни Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба даст оварда шудааст, инъикос менамояд.
“Имруз мо шохиди мархилаи нави наздикшавии фарханги хастем. Ин опера на танхо як намоишнома хохад буд, балки тачассумгари сахнаи дусти, ватандусти ва хидмат ба идеалхои шараф хохад буд. Санъат бо забони дил харф мезанад ва махз тавассути он мо мекушем, ки хамдигарфахмии байни халкхоямонро таквият дихем” гуфт Сайфиддинзода.
Директори театри Калони давлатии академии ба номи Алишер Навои Рамиз Усмонов тасдик намуд, ки кор аллакай пурра идома дорад. Дастаи эчодии намояндагони харду театр ташкил намуда шуд: дар ин намоиш оркестри симфони, хори академики, солистони пешбари опера ва хунармандони балет иштирок мекунанд. Музокирот бо либреттистхо идома дорад ва аллакай маълум аст, ки мавзуъхои асосии либретто мухаббат, дусти, садокат ба вазифа ва рисолати баланди санъат хоханд буд.
Огози хамгироии фаъоли фарханги каблан гузошта шуда буд. Хамин тавр, 22 ва 23 май дар сахнаи театри Опера ва балети Точикистон ба номи С. Айни бо аншлаг гастролхои театри калони давлатии академии Узбекистон ба номи Алишер Навои баргузор шуданд. Ин бузургтарин сафари коллектив ба Душанбе буд: ба пойтахт солистон, труппаи балет, оркестр, гурухи намоиши ва кормандони техники омаданд.
Ба гуфтаи Сайфиддинзод, ин сафар ба Ёддошти хамкори асос ёфтааст, ки чонибхо мохи июни соли 2023 имзо намудаанд. Он мубодилаи мастер-классхо, иштирок дар фестивалхо, намоиши якчоя ва рушди иктидори эчодии чавононро пешбини мекунад.
Дар давоми гастролхо, душанбехо арияхои машхури операи чахонро аз Чайковский ва Верди то Пуччини ва Гуно шуниданд. Шаби балет сахнахои “Кули Кабуд”, “Шелкунчик”, “Шахризода” ва “Ромео ва Чулиетта” – ро дар бар мегирифт. Гала-консерт ба хотираи афсонахои сахна Юрий Григорович ва балерина Малика Собирова бахшида шудааст.
Ин сафархо на танхо як руйдоди фархангии дурахшон, балки манбаи илхом барои огози мархилаи нави хамкори буданд. Дар пеш операи муштарак, ки ба назари мутахассисон метавонад ба фонди тиллоии санъати театрии Осиёи Маркази дохил шавад.
АКСХО: театри давлатии академии Опера ва балети Точикистон ба номи С. Айни