МОСКВА, 10 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Токио эълон намуд, ки ҳамаи шаш маркази мусоидати техникӣ ба ислоҳот дар Русия ба анҷом расидаанд. Дар ин бора дабири кулли ҳукумати Ҷопон Ёсимаса Хаяси хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин қарор бо тағйирот дар муносибатҳои дуҷониба ва вазъи дохилии ФР алоқаманд аст.
Ҳанӯз дар моҳи январ, Москва фаъолияти меморандумҳои танзимкунандаи фаъолияти марказҳои ҷопонро, ки дар солҳои 2000 ва 2003 имзо шуда буданд, қатъ намуд.
Ин созмонҳо аз соли 1994 ба дастгирии ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар Русия машғул буданд, курсҳои таълимӣ, барномаҳои мубодилаи бизнес ва чорабиниҳоро оид ба таҳкими робитаҳо гузарониданд.
Хаяси таъкид намуд, ки марказҳо “миссияи таърихии худро иҷро намуданд” ва Москваро дар бораи басташавӣ тавассути каналҳои дипломатӣ огоҳ намуданд.
Вай инчунин қайд кард, ки моҳи август кормандони ВКД-и Русия дар Маркази Владивосток, аз ҷумла пурсишҳои кормандон санҷишҳо гузарониданд. Токио аз ҷониби Русия талаб намуд, ки амнияти кормандонро таъмин кунад.
Бояд қайд намуд, ки ба сохтори АНО “Маркази Ҷопон” дафтари асосӣ дар Москва (дар қаламрави МДУ) ва панҷ филиал дохил мешуданд: Дар Санкт-Петербург, Нижний Новгород, Хабаровск, Владивосток ва Сахалин.
Ёдовар мешавем, ки пас аз таҳримҳои Ҷопон алайҳи Русия бинобар низоъ дар Украина, Маскав музокиротро қатъ намуд, режими бидуни раводиди сафарҳои ҷопониҳо ба Курилҳои ҷанубиро бекор намуд ва муколамаро дар бораи фаъолияти муштараки хоҷагидорӣ дар ин қаламравҳо қатъ намуд.
Аксҳо: jc org
