Осиёи Марказӣ то соли 2040: демография, захираҳои об ва мушкилоти нақлиётӣ – ИА Караван Инфо
Осиёи Марказӣ то соли 2040: демография, захираҳои об ва мушкилоти нақлиётӣ

Душанбе, 28 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». То соли 2040 шумораи аҳолии Осиёи Марказӣ метавонад аз 96 миллион нафар бештар гардад, ки ин ба инфрасохтори минтақа фишори ҷиддӣ ворид месозад. Дар ин бора раиси ҳайати идораи Бонки авруосиёии рушд Николай Подгузов дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии ТАСС изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши аҳолӣ бояд ба омили муҳими рушди иқтисодӣ табдил ёбад. Аммо барои фаъолияти устувори иқтисод зарур аст, ки дар чанд самти калидӣ — баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рушди ҳаракатнокии муосир ва идоракунии захираҳои об — ҷаҳиши сифатӣ амалӣ гардад.

Пешрафти ин соҳаҳо ба болоравии рақобатпазирии минтақа, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиши фишор ба захираҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.

Николай Подгузов таъкид намуд, ки Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои осебпазиртарин нисбат ба тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Тибқи пешгӯиҳо, норасоии об то соли 2028 метавонад аз 5 то 12 километри мукааб дар як солро ташкил диҳад. Қисми зиёди талафоти об ба фарсудагии инфрасохтори системаҳои обёрӣ вобаста мебошад.

Дар ин замина Бонки авруосиёии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои навсозии шабакаҳои обёрӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакоронаи об ва ҳисобгирии рақамии истифодаи об иштирок мекунад. Ин тадбирҳо барои истифодаи оқилонаи захираҳо ва коҳиши хатари хушксолӣ равона шудаанд.

Омили дигари маҳдудкунандаи рушд дурии ҷуғрофии минтақа аз бандарҳои уқёнусӣ — беш аз се ҳазор километр — мебошад. Ин ҳолат арзиши савдоро 20–40 фоиз боло бурда, суръати рушди иқтисодиро солона тақрибан 1,5 банди фоизӣ коҳиш медиҳад. Коршиносон ин падидаро «андози масофа» меноманд.

Барои ҳалли ин масъала Бонки авруосиёии рушд консепсияи «Каркаси нақлиётии Авруосиё»-ро пешниҳод намудааст — шабакаи долонҳои байналмилалӣ, ки ба коҳиши хароҷоти логистикӣ ва тезонидани гардиши мол равона шудааст. Таваҷҷуҳи махсус ба самти «шимол–ҷануб» ва ҳамчунин иқтидори Долони фаромиллии Афғонистон равона мегардад, ки метавонад барои кишварҳои минтақа дастрасӣ ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Халиҷи Форсро фароҳам оварад. Дар айни замон масирҳои асосӣ бештар дар меҳвари «шарқ–ғарб» рушд мекунанд.

Ба арзёбии Николай Подгузов, Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон ба шумор меравад. Соли 2026 ҳаҷми маҷмӯии иқтисоди панҷ кишвари минтақа, тибқи пешбиниҳои Бонки авруосиёии рушд, метавонад ба 600 миллиард доллар расад. Бо ин вуҷуд, рушди минбаъда ҳалли ҳамзамони чолишҳои асосӣ — фишори демографӣ, пайвастагии нақлиётӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обро талаб менамояд.

Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, то соли 2025 шумораи аҳолии Осиёи Марказӣ аллакай аз 84 миллион нафар гузаштааст, ки ин фишор ба захираҳои табиӣ ва инфрасохтори минтақаро зиёд менамояд. Идоракунии самараноки захираҳои обӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ омили калидии рушди устувори минтақа дар даҳсолаҳои наздик хоҳад буд.

Акс: sb.by Николай Подгузов – Бонки авруосиёии рушд

error: