Дар Остона конфронси байналмилали оид ба мубориза бо коррупсия дар Осиёи Маркази баргузор гардид. Дар чорабини рохбарони идорахои зиддикоррупсионии кишвархои минтака, намояндагони созмонхои байналмилали ва коршиносон иштирок намуданд.

Иштирокчиёни конфронс масъалахои мубрами муковимат ба коррупсияро, аз кабили баргардонидани дороихо, пешгирии чиноятхои коррупсиони, ракамикунонии фаъолияти зиддикоррупсиони ва тахкими хамкорихои байналмилалиро барраси намуданд. Кайд намуда шуд, ки коррупсия хусусияти фаромилли дорад, аз ин ру барои муковимати самараноки он бояд кушишхои худро дар сатхи минтакави муттахид намуд.
Раиси Агентии Муковимат ба коррупсияи Казокистон Асхат Жузвагали ахамияти хамкории байналмилалиро дар мубориза бо коррупсия таъкид намуд. Вай кайд намуд, ки Конвенсияи СММ алайхи коррупсия хамчун меъёри калиди дар татбики ислохоти зиддикоррупсиони дар Казокистон хизмат мекунад.
Намояндаи минтакавии УНП СММ Оливер Штолпе ташаббуси Казокистонро оид ба ташкили платформаи минтакави барои хамкори дар сохаи мубориза бо коррупсия баланд арзёби намуд. Вай кайд намуд, ки чунин платформа ба кишвархои минтака имкон медихад, ки тачриба мубодила кунанд ва фаъолияти худро хамоханг созанд.
Дар доираи конфронс барои мутахассисони мубориза бо коррупсия тренингхо гузаронида шуданд. Иштирокчиёни тренингхо дар бораи усулхои муосири муковимат ба коррупсия, ба монанди пешгирии чиноятхои коррупсиони, баргардонидани дороихо ва тафтишоти молияви дониш гирифтанд.
Аксхо: Агентии муковимат ба коррупсияи ЧК