Мулокоти хучанд, ки 31 марти соли 2025 бо ташаббуси Президенти Точикистон Эмомали Рахмон баргузор шуд, барои тамоми минтакаи Осиёи Маркази руйдоди мухим гардид. Бори аввал дар тули солхои зиёд рохбарони Точикистон, Киргизистон ва Узбекистон муколамаи созанда доир ба тахкими хамсоягии нек, халли масъалахои сархади ва ташаккули стратегияи муштараки рушди устувор доир намуданд.

Доктор илмхои сиёси Шамсиддин Каримов, сармутахассиси Илмии Институти омузиши Кишвархои Осиё ва Аврупои НАН Точикистон ин мулокотро “парадигмаи нав дар муносибатхои байналмилали” номид. Ба гуфтаи у, чомеаи таърихи, решахои муштараки фарханги ва робитахои тамаддунии се давлат ба мадди аввал гузошта шуданд, ки барои шарикии дарозмуддати минтакави заминаи мустахкам гардид.
“Тахти рохбарии Пешвои миллат анъанахои нек ва робитахои бародарии халкхои минтака ба манбаи стратеги табдил ёфтанд. Осиёи маркази худро хамчун субъекти мустакил ва фаъоли сиёсати чахони бо эътимоди бештар зохир мекунад”, — таъкид намуд олим.
Яке аз натичахои калидии мулокоти Хучанд халли осоиштаи як катор масъалахои мураккаби сархади дар водии Фаргона — минтакаи ташаннучи таърихи буд. Тавре коршинос кайд намуд, ин пешрафт натичаи муколамаи бисёрсола буд, ки ба эхтироми сохибихтиёри, баробари ва манфиати тарафайн асос ёфтааст.
Гайр аз тахкими эътимоди сиёси, мулокот барои хамкорихои густурдаи иктисоди ва сармоягузори замина гузошт. Фазои хамдигарфахми ва эътимод, ки барои татбики лоихахои муштарак, муковимат ба мушкилоти умуми ва таъмини субот зарур аст, ташаккул меёбад.
Минтака ба рохи рушди пешрафта ворид шуд. Овози у дар арсаи байналмилали хамчун рамзи созандаги, масъулият ва пешгуишаванда равшантар садо медихад”, — хулоса намуд Шамсиддин Каримов.
Осиёи маркази имруз на танхо пули чугрофии байни Шарк ва Гарб, балки маркази афзояндаи ташаббусхо, гояхо ва имкониятхо мебошад. Дар пеш мархилаи тахкими фаъоли хувияти минтакави ва пешбурди дастачамъонаи манфиатхо дар арсаи чахони.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон