Душанбе, 20 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ба унвони ҳушёртарин кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф гардид. Ба чунин хулоса ташкилоти таҳқиқотии World Population Review (WPR) расидааст, ки дар гузориши навбатии ҷаҳонии худ сатҳи истеъмоли машруботро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳлил кардааст.

Тибқи маълумоти гузориш, истеъмоли миёнаи солонаи машрубот дар Тоҷикистон ҳамагӣ 0,7 литр ба ҳар нафар-ро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда на танҳо пасттарин дар миёни кишварҳои ИДМ, балки яке аз камтаринҳо дар миқёси ҷаҳон маҳсуб мешавад. Барои муқоиса: дар Қазоқистон ин рақам ба 5,4 литр, дар Русия — 10,5 литр, ва дар Беларус, ки дар ИДМ пешсафи истеъмол аст, — 11,4 литр ба ҳар нафар дар як сол мерасад.
Баландтарин сатҳи истеъмоли машрубот дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар Гурҷистон сабт шудааст — 15,5 литр ба ҳар нафар дар як сол, ки онро ба қатори пешсафони ҷаҳонӣ мебарорад.
Дар миқёси умумиҷаҳонӣ ҷои аввалро Руминия бо нишондиҳандаи 17,1 литр ишғол мекунад; баъдан Гурҷистон (15,5) ва Латвия (14,7) қарор доранд. Ба панҷгонаи кишварҳои серистеъмол ҳамчунин Молдова (14,1) ва Ҷумҳурии Чех (13,7 литр) дохил шудаанд.
Ҳамзамон, барои як қатор давлатҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Афғонистон ва Бангладеш, маълумот оид ба истеъмоли машрубот дастрас нест. Пасттарин нишондиҳандаҳои сабтшуда — 0,1 литр ба ҳар нафар дар як сол — дар Миср, Покистон, Индонезия, инчунин дар Эрон, Сурия ва Қувайт ба қайд гирифта шудаанд, ки одатан ба маҳдудиятҳои динӣ ва фарҳангӣ иртибот доранд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки сатҳи ниҳоят пасти истеъмоли машрубот дар Тоҷикистон натиҷаи маҷмӯи омилҳои фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ буда, ҳамчунин ба муносибати суннатан сахти ҷомеа нисбат ба сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ вобаста аст. Дар ин замина, нишондиҳандаи Тоҷикистон ҳарчи бештар ҳамчун намунаи модели устувори рафтори ҷамъиятӣ, ки ба ҳифзи саломатӣ ва суботи иҷтимоӣ равона шудааст, арзёбӣ мегардад.
Аҳамияти мавзуъро баҳсҳо дар кишварҳои ҳамсоя низ таъкид мекунанд. Чунончи, ҳафтаи гузашта вакили Маҷилиси Қазоқистон Магеррам Магеррамов изҳор дошт, ки машрубот яке аз сабабҳои асосии ҷинояткорӣ дар кишвар боқӣ монда, ҳар сол боиси аз даст рафтани «қиматтарин захира» — иқтидори инсонӣ мегардад.
Дар робита ба ин, ӯ пешниҳод намуд, ки қоидаҳои фурӯш ва назорати маҳсулоти спиртӣ шадидтар гардонда шаванд. Пештар бо ташаббусҳои монанд Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон низ баромад карда буд.
World Population Review — нашрияи мустақили илмӣ-таҳлилӣ ва маълумотномаест, ки соли 2013 аз ҷониби Шейн Фулмер таъсис ёфтааст. Ин платформа ба таҳқиқоти демографӣ ва оморӣ ихтисос дошта, бар асоси усулҳои коркарди маълумоти худ, инчунин иттилооти Созмони Байналмилалии Меҳнат ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, баррасиҳои таҳлилӣ, раддабандӣ ва ҷадвалҳоро барои кишварҳои ҷаҳон пешниҳод мекунад.
АКС: https://news.tek.fm/
