Остона, 09 апрели соли 2026-АИ «Караван инфо». Соли 2026 дар Қазоқистон баргузории парадҳои ҳарбӣ ба Рӯзи муҳофизони Ватан ва Рӯзи Ғалаба ба нақша гирифта нашудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиа хабар дод.

“Дар соли 2026 паради низомӣ баргузор намешавад. Чорабиниҳои ҳарбӣ-ватанпарварӣ ба нақша гирифта шудаанд”, — қайд намуданд дар идора.
Ба ҷои раҳпаймоии анъанавии техника, аксияҳои ватандӯстона таъкид намуда мешаванд. Дар байни онҳо дарсҳои ҷасорат, вохӯриҳо бо собиқадорон, гиромидошти хизматчиёни ҳарбӣ, консертҳо, баромадҳои оркестрҳо ва намоишгоҳҳои силоҳ мебошад. Инчунин ташаббусҳои экологӣ, рӯзҳои кушод ва аксияи “Атолаи Сарбозӣ” баргузор мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки парадҳои низомӣ дар кишвар аз соли 2019 инҷониб баргузор нашудаанд, ба истиснои соли 2025, вақте ки дар Остона ба ифтихори 80-солагии Ғалаба раҳпаймоии васеъмиқёс баргузор шуд. Дар он ҳазорҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва садҳо адад техника иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ, ҷашн имсол дар формати камеравӣ, вале пурмазмун баргузор мешавад.
Акс :АИ «Караван инфо» (Остона)
