Душанбе, 27 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти кишвар26 феврал лоиҳаи «Пардохти ягонаи коммуналӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ҳадафи он такмили низоми ҳисоббаробаркунӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад. Ҷаласаи корӣ дар Муассисаи воҳиди давлатии ГУП «Обу корези Душанбе» бо иштироки намояндагони сохторҳои коммуналӣ ва ширкати ООО «Сет Решас» баргузор гардид.

Тавре маркази матбуотии корхона хабар медиҳад, ҳадафи асосии низом баланд бардоштани шаффофияти ҳисобҳо, соддасозии раванди пардохт, тақвияти назорат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон мебошад.
Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» имконият медиҳад маблағҳо ба таври мутамарказ ва дақиқ ҷамъоварӣ гардида, ҳамкории байни таъминкунандагони хизматрасонӣ таҳким ёбад.
Иштирокчиён пешниҳодҳои мушаххас оид ба марҳилаҳои татбиқ, масъалаҳои техникӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқиро ироа намуда, омодагии худро барои ҳамоҳангсозии фаъолият ва татбиқи босамари лоиҳа изҳор карданд.
Ба андешаи мутахассисон, татбиқи пурраи ин ташаббус қадами муҳим дар роҳи рақамикунонии бахши хизматрасониҳои коммуналӣ хоҳад буд. Ин раванд на танҳо самаранокии идоракуниро баланд мебардорад, балки ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ низ мусоидат менамояд.
Акс: ГУП «Обу корези Душанбе»
