Париж ва Вашингтон дар арафаи чанчоли дипломати: Фаронса сафири ИМА-ро барои номаи зиддисемитизм даъват намуд – ИА Караван Инфо
Париж ва Вашингтон дар арафаи чанчоли дипломати: Фаронса сафири ИМА-ро барои номаи зиддисемитизм даъват намуд

МОСКВА, 25 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Фаронса пас аз он, ки Сафири Амрико дар Париж Чарлз Кушнер ба Эммануэл Макрон номае фиристод, ки гуё макомоти Фаронса бо зиддисемитизм ба кадри кофи мубориза намебаранд, муносибатхояшро бо Вашингтон бадтар намуд.

ВКХ-и Фаронса хабар дод, ки дипломатро ба сухбат даъват намуда, изхороти уро “гайри кобили кабул” номидааст.

Дар Париж таъкид шуд, ки чунин иттихомот на танхо тасвири вокеиро тахриф мекунад, балки принсипи дахолат нанамудан ба корхои дохилии кишвархои дигарро низ вайрон мекунад.

“Онхо ба рухияи шарикии трансатлантики ва эътимоде, ки бояд байни иттифокчиён бошад, мувофикат намекунанд” гуфт идораи сиёсати хоричии фаронса.

Дар департаменти Давлатии ИМА, баръакс, мавкеи Кушнерро дастгири намуданд. Намояндаи идора Томми Пиготт таъкид намуд, ки сафир “кори худро барои пешбурди манфиатхои миллии ИМА ичро мекунад” ва дар ин самт идома хохад дод.

Чониби фаронса хотиррасон намуд, ки макомоти кишвар барои мубориза бо зухуроти зиддисемитизм, алахусус пас аз хамлаи ХАМОС алайхи Исроил 7 октябри соли 2023 “пурра сафарбар намуда шуданд”.

Ин чанчоли дипломати идомаи силсилаи ихтилофхо буд. Пештар сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняху Парижро барои эътирофи эхтимолии давлати фаластин, ки гуё ба афзоиши рухияи зиддисемити водор мекунад, танбех дод. Президент Макрон он вакт ин иттихомотро рад намуд.

Фаронса маркази калонтарини чомеаи яхудиён дар Аврупои Гарби аст: дар ин чо такрибан 500 хазор яхуди ё 1% ахолии кишвар зиндаги мекунанд. Вактхои охир муносибатхои Париж ва Вашингтон низ бо сабаби сиёсати тичоратии Доналд Трамп ва бахсхо дар бораи ояндаи миссияи сулхофарии СММ дар Лубнон мураккаб шуданд.

Аксхо: Depositphotos

error: