Парлумони Точикистон барои адолати ичтимои ва рушд дар Ассамблеяи иттиходи Байнипарлумони дар Тошканд баромад намуд – ИА Караван Инфо
Парлумони Точикистон барои адолати ичтимои ва рушд дар Ассамблеяи иттиходи Байнипарлумони дар Тошканд баромад намуд

Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Файзали Идизода 6 апрел дар чаласаи умумии Ассамблеяи 150-уми иттиходи Байнипарлумони, ки дар Тошканд, Чумхурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора сухангуи мачлиси намояндагон Мухаммадато Султонов хабар дод.

Мавзуи асосии чаласа харакати Парлумони барои рушди ичтимои ва адолат таваччухи чидди ва бахси васеъро дар байни иштирокчиён ба бор овард.

Идизода дар чаласаи умуми таъкид намуд, ки дар шароити чолишхои чахони — аз тагйирёбии иклим то нобаробарии ичтимои — махз парлумонхо бояд дар чустучуи халли одилона ва устувор накши калиди дошта бошанд.

“Таъмини адолати ичтимои ва рушди устувор кисми чудонашавандаи сиёсати давлатии Точикистон мебошад, ки тахти рохбарии стратегии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон гузаронида мешавад”, – кайд намуд Раиси Парлумони Точикистон.

Вай хабар дод, ки дар кишвар ислохоти васеъмикёсе амали намуда мешавад, ки ба бехтар намудани сифати зиндагии ахоли — мубориза бо камбизоати, таъмини дастраси ба маориф, тандурусти ва оби тоза равона намуда шудааст. Ба химояи хукуки табакахои осебпазири ахоли занон, кудакон, пиронсолон, маъюбон, инчунин сокинони минтакахои дурдаст диккати махсус дода мешавад.

Хайати Точикистон аз ташаббусхое, ки ба густариши имкониятхои иктисодии чавонон, таъсиси чойхои кори ва пешбурди стратегияхои миллии рушди устувор равона шудаанд, изхори дастгири намуд.

Дар кори Ассамблея такрибан 2000 делегат аз 181 кишвари чахон, аз чумла намояндагони 150 парлумон, 15 кишвари нозир ва зиёда аз 25 ташкилоти байналмилали ва байнипарлумони иштирок намуданд.

АКСХО: мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

error: