Парвиз Умарбоев – трансфери калидии асосии «Локомотив»-и Булғория дар мавсими 2025 – ИА Караван Инфо
Парвиз Умарбоев – трансфери калидии асосии «Локомотив»-и Булғория дар мавсими 2025

Душанбе, 13 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвиз Умарбоев муваффақтарин хариди бошгоҳи булғории «Локомотив» (Пловдив) дар мавсими соли 2025 дониста шуд. Ба чунин хулоса портали бонуфузи «Tribuna Plovdiv», ки бозии футболбозони дастаҳоро дар як соли пурпечутоб ва зиддунақизи бошгоҳ таҳлил кардааст, омадааст.

Барои «Локомотив» мавсим осон оғоз нашуд. Бошгоҳ барои нигоҳ доштани мавқеъ мубориза бурд, дар бозиҳои гузариш бо дастаи «Марек» ширкат варзид ва танҳо дар оғози маърака тавонист натиҷаҳоро ба эътидол оварда, дар нимаи болоии ҷадвали мусобиқа ҷой гирад. Дар чунин шароит саҳми футболбозони алоҳида махсусан барҷаста ба назар мерасид.

Дар тӯли сол бошгоҳ 21 интиқол анҷом дод, аммо қисми зиёди навомадагон натавонистанд мавқеи худро дар ҳайати асосӣ мустаҳкам кунанд ва бархе аз онҳо ҳатто «Лаута»-ро тарк намуда, ба бозии даста таъсири назаррас нагузоштанд.

Дар ҳамин замина баромади Парвиз Умарбоев махсусан дурахшон буд.

Умарбоев дар ҳамаи мусобиқаҳо 37 бозӣ анҷом дода, 12 амали самаранок (гол ва паси гол) ба қайд гирифт. Ӯ ба унсури калидии хатти миёнаи майдон табдил ёфта, пайваста дар ҳайати асосӣ ба майдон мебаромад ва дар тӯли тамоми мавсим сатҳи баланди бозиро нишон дод.

Омор низ аҳамияти ӯро барои даста тасдиқ мекунад: тибқи арзёбии Sofascore, нимҳимоятгари тоҷик бо миёнаи холии 7,11 дар як бозӣ садри ҷадвали рейтингии футболбозони «Локомотив»-ро ишғол намуд. Ба панҷгонаи беҳтарин ҳамчунин Боян Милосавлевич (7,00), Адриан Кова (6,90), Каталин Иту (6,86) ва Франсиско Политано (6,84) дохил шуданд, аммо маҳз Умарбоев устувортарин ва муфидтарин бозигари даста эътироф гардид.

Парвиз Умарбоев 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ дар мавқеи нимҳимоятгар бозӣ мекунад ва аз 15 июли соли 2025 бозигари «Локомотив» (Пловдив) мебошад. Шартномаи ӯ то 30 июни соли 2027 амал мекунад.

Дар корномаи футболбоз аллакай дастовардҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Ӯ бо «Истиқлол» соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон-2015 гардида, дар ҳайати «Локомотив» Ҷоми Булғористонро дар мавсимҳои 2018/19 ва 2019/20, инчунин Суперҷоми Булғористон-2020 ба даст овардааст. Аз соли 2015 ба ин сӯ пайваста дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Ин хариди нав барои «Локомотив» рамзи устуворӣ ва сифати бозӣ гардид ва бори дигар собит сохт, ки ҳатто дар мавсими тағйирот як футболбози калидӣ метавонад муваффақияти дастаҳоро муайян намояд.

Акс: аз шабакаҳои иҷтимоии Парвиз Умарбоев

error: