Душанбе, 24 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Лоукостери туркӣ — Pegasus Airlines — аз ифтитоҳи хатсайри мустақими мунтазам дар масири Истамбул — Душанбе хабар дод. Парвозҳо аз 6 апрели соли 2026 оғоз гардида, ҷузъи стратегияи тавсеаи шабакаи парвозҳои ширкат дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Тавре дар Pegasus таъкид шудааст, роҳандозии самти нав ба таҳкими нақши Туркия ҳамчун маркази муҳими транзитии ҳавоӣ (ҳаб) ва густариши робитаҳои нақлиётӣ миёни Аврупо, Шарқи Наздик ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидааст. Душанбе ба яке аз нуқтаҳои нави шабакаи босуръат рушдёбандаи ширкат табдил меёбад.
Парвозҳо се маротиба дар як ҳафта — рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе — тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737 аз фурудгоҳи байналмилалии Сабиха Гёкчен дар Истамбул анҷом дода мешаванд. Фурӯши чиптаҳо барои самти нав аллакай оғоз ёфтааст.
Дар изҳороти ширкат ба зарфияти сайёҳӣ ва тиҷоратии пойтахти Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ба арзёбии интиқолдиҳанда, парвозҳои мустақим ба афзоиши ҷараёни мусофирон, густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки дар ин масир айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии Turkish Airlines ва Somon Air низ парвоз анҷом медиҳанд. Пайдо шудани боз як интиқолдиҳанда сатҳи рақобатро боло бурда, метавонад ба сиёсати нархгузорӣ ва интихоби бештари мусофирон таъсири мусбат расонад.
Ифтитоҳи ин хатсайр боз як нишонаи таваҷҷуҳи афзояндаи ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ба самти Тоҷикистон буда, аҳамияти стратегии Душанберо дар низоми масирҳои минтақавии ҳавоӣ таъкид мекунад.
АКС: haber.aero
