Пас аз 15 сол: Фаронса истехсоли мушакхои SCALP-ро аз сар мегирад ва тахияи ивазкунии онхоро суръат мебахшад – ИА Караван Инфо
Пас аз 15 сол: Фаронса истехсоли мушакхои SCALP-ро аз сар мегирад ва тахияи ивазкунии онхоро суръат мебахшад

Москва, 12 июли соли 2025 «АИ Караван Инфо». Фаронса пас аз 15 соли танаффус истехсоли мушакхои болдори SCALP-ро расман аз сар гирифт.

Дар ин бора санаи 9 июл вазири мудофиа Себастиан Лекорню хангоми боздид аз корхонаи MBDA дар Стивенч бо хамрохии хамкори бритониёии Чон Хили эълон намуд. Пештар SCALP то соли 2010 дар истехсоли серияви буд.

Бозгашт ба истехсоли ин мушакхо бо зарурати пур намудани арсеналхои силоххои дакик, ки дар амалиёти чанги фаъолона сарф намуда мешаванд, алокаманд аст. SCALP мушаки хавои бо масофаи зиёда аз 250 км, ки барои нобуд намудани хадафхои мухофизатшуда пешбини шудааст.

Нишондихи аз хисоби GPS, системаи инерсиали ва сарпуши худгардони инфрасурх, ки имкон медихад, ки аз мудофиаи хавои  гузарад, амали намуда мешавад.

Дар пасманзари афзоиши талабот, Фаронса ва Бритониё ба мувофика расиданд, ки тахияи насли навбатии мушаки FC/ASW (Future Cruise/Anti — Ship Weapon)-ро, ки Италия низ дар он кор мекунад, суръат бахшанд.

Дар назар аст, ки мушаки нав бо зехни сунъи, пушиши никобпуши мучаххаз намуда шавад ва метавонад дар якчояги бо тудахои бесарнишин амал кунад. Истехсоли серияви дар солхои 2028-2034 интизор меравад.

Дар сохтани SCALP корхонахо дар Фаронса, Италия ва холо Олмон иштирок мекунанд, ки дар он ширкати Rheinmetall кисмхои чангии тандеми истехсол мекунад. Ракетахоро танхо аз хавопаймохо партоб намудан мумкин аст, зеро дастгоххои партоби замини то хол танхо дар консепсияхо мавчуданд.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: