Душанбе, 14 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 марти соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пазироии гарму самимии ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Меҳмонон дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо расму русуми миллӣ истиқбол карда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, ба меҳмонон имконияту зарфиятҳои таълимӣ, илмӣ ва инфрасохтории донишгоҳро муаррифӣ намуд. Ӯ доир ба таҷрибаи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисодиёт, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, густариши робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барои мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳамияти муҳим дорад. Ин ҳамкориҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамгироии илмӣ-таълимӣ миёни ду кишвар мусоидат мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин маълумот дода шуд, ки Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд” рӯзҳои 14-18 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Дар доираи сафар байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Аз ҷумла:
- Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов;
- Созишномаҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои таркибии донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон, аз ҷумла:
- Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди экология ва хизмати Самарқанд;
- Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Денау;
- Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ дар шаҳри Тошканд;
- Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим”;
- Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро;
- Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Намангон;
- Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Бухоро.

Зикр гардид, ки татбиқи созишномаҳои имзошуда барои роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи устодону донишҷӯён, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат хоҳанд кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи самараноки созишномаҳои баимзорасида изҳор намуда, чунин ташаббусҳоро қадами муҳим дар рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ карданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
