Пекин-рузхои фарханги Точикистон дар Чин бо нотаи баланд ба анчом расиданд – ИА Караван Инфо
Пекин-рузхои фарханги Точикистон дар Чин бо нотаи баланд ба анчом расиданд

Душанбе, 28 апрел, АИ Караван Инфо. Аз 25 то 27 апрел дар Пекин ва Сиан Рузхои фарханги Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Мардумии Чин бо муваффакияти бузург баргузор гардиданд.

Ин чорабинихо, ки аз чониби Вазорати фарханги Точикистон ташкил намуда шуданд, тачассуми равшани дусти ва табодули фархангии ду кишвар гардиданд.

Ифтитохи тантанави 25 апрел дар Пойтахти Чин –  Пекин баргузор шуд. Пеш аз огози кисми расми намоишгохи васеи хунархои мардуми, либосхои милли, мероси таърихию фарханги, хурокхои анъанавии точики ва мевахои гуногун, ки дар замини пурбаракати Точикистон парвариш намуда мешаванд, ташкил намуда шуд.

Дар маросими ифтитох Вазири фарханги Чумхурии Точикистон Матлубахон Сатториён ва Муовини Вазири фарханг ва сайёхии Чин Гао Чжэн суханрони намуданд. Онхо таъкид намуданд, ки гузаронидани Рузхои фарханги ба шарофати шарикии стратеги ва хохиши мутакобилаи рохбарони ду кишвар барои тахкими робитахои башардустона имконпазир гардид.

Барномаи фарханги бой ва гуногун буд. Хунармандони маъруфи точик охангхо ва сурудхои милли, аз чумла жанрхои анъанавии шашмаком ва фалак, инчунин раксхои мардумии оташзадаро бо либосхои милли ичро намуданд. Намоишхо аз чониби тамошобинон хуш пазируфта шуданд ва ороиши аслии чашн гардиданд.

Гузаронидани Рузхои фарханги Точикистон дар Чин барои муколамаи фарханги уфукхои нав кушод ва дар рушди муносибатхои хамачонибаи ду кишвар сахми мухим гузошт.

Аксхо: Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон

error: