Пентагон то соли 2026 хароҷоти анборҳои низомиро дар Аврупо ба таври назаррас коҳиш медиҳад – ИА Караван Инфо
Пентагон то соли 2026 хароҷоти анборҳои низомиро дар Аврупо ба таври назаррас коҳиш медиҳад

МОСКВА, 10 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазорати мудофиаи ИМА нақша дорад, ки хароҷоти нигоҳ доштани омодагии ҷангии артишро дар Аврупо ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Маблағгузории барномаи Army Prepositioned Stocks – 2 (APS-2), ки барои анборҳои ҷойгиркунии пешакии техника ва силоҳ масъул аст, дар соли 2026 нисбат ба соли 2023 қариб 15 маротиба коҳиш меёбад.

Агар се сол пеш барои ин моддаи буҷет тақрибан 495 миллион доллар ҷудо намуда шуда бошад, пас соли оянда танҳо 33,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Коҳиш тадриҷан идома дорад: дар соли 2024  251,7 миллион, дар соли 2025  116,9 миллион ҷудо намуда шуд.

Лоиҳаи буҷет мегӯяд, ки қарор бо еддошти раиси пентагон аз моҳи апрел алоқаманд аст, ки тибқи он артиш бояд аз барномаҳои кӯҳна даст кашад ва ба лоиҳаҳои баландтехнологӣ такя кунад. APS-2 дар ин ҳолат ба режими нигоҳдорӣ гузаронида мешавад.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки маъмурияти Доналд Трамп дар Аврупои Шарқӣ аз қатъи ташаббуси амнияти Балтика то кам намудани маблағгузории барномаи омодагии низомӣ ва табодули маълумоти иктишофӣ бо шарикон дигар коҳишҳоро омода мекунад.

Дар маҷмӯъ, хароҷот барои барномаи APS аз 660,2 миллион доллар дар соли 2023 то 330,8 миллион доллар дар соли 2026 коҳиш хоҳад ёфт, ки гардиши стратегии Вашингтонро аз Аврупо ба сӯи минтақаи Уқёнуси Ором инъикос мекунад.

Аксҳо: AP

error: