Душанбе, 06 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти кишвар тадбирҳои пайдарпай ҷиҳати тақвияти пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасон ва ҷавонон дар заминаи ҳамкории байниидоравӣ амалӣ мегарданд. Бо ҳамин мақсад вохӯрии корӣ миёни кормандони милитсияи шаҳри Душанбе, намояндагони Сарраёсати маорифи пойтахт ва равоншиносони муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд, ки ба таҳлили сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо бахшида шуд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои доғи иҷтимоӣ, аз ҷумла муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, истеъмоли маводи тамоку ва машрубот, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин гаравидани ноболиғон ба ҳаракатҳои тундгаро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Дар баробари ин, ба тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва илмомӯзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Коршиносон таъкид карданд, ки хатарҳои муосир танҳо бо чораҳои назоратӣ маҳдуд намешаванд ва пеш аз ҳама пешгирии барвақт ва кор бо омилҳои иҷтимоӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ин раванд нақши омӯзгорон ва равоншиносони мактабӣ калидӣ арзёбӣ мегардад, зеро маҳз онҳо дар муоширати ҳаррӯза бо наврасон қарор доранд ва метавонанд нишонаҳои рафтори хавфнокро сари вақт ошкор созанд.
Иштирокчиён бар он назар буданд, ки бе ҳамкории зич миёни муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои иҷтимоӣ пешгирии самаранок ғайриимкон аст. Чунин ҳамоҳангӣ имкон медиҳад, ки муҳити солим барои рушди шахсият, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва коҳиши ҳуқуқвайронкунӣ фароҳам оварда шавад.
Зимни вохӯрӣ ба кормандони ҷавон тавсияҳои амалӣ пешниҳод гардиданд, аз ҷумла зарурати муколамаи эътимоднок бо наврасон, дарки хусусиятҳои равонии синну сол ва муносибати эҳтиромона. Ба андешаи таҳлилгарон, баргузории мунтазами чунин вохӯриҳо омили муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон дар ҷомеа мебошад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе
