Душанбе, 23 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 21 август Вазири рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон Завкизода бо донишчуёне, ки голиби имтихонхои озмуни гардидаанд ва хукуки тахсил дар хоричаро бо стипендияи Байналмилалии Президенти Чумхурии Точикистон “Дурахшандагони”гирифтаанд, мулокот намуд.

Зимни мулокот вазир кайд намуд, ки ба шарофати сиёсати таълимии Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат Мухтарам Эмомали Рахмон хамасола барои чавонони болаёкат имкониятхои нав фарохам оварда мешаванд. Маблагхои бунеди Президент ба донишчуёни бехтарини кишвар имкон медиханд, ки дар донишгоххои пешрафтаи чахон тахсил кунанд.
Ба ичрои Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз санаи 31 декабри соли 2020 “Дар бораи эълони Бистсолагии омузиш ва рушди илмхои табии, дакик ва математики барои солхои 2020-2040″диккати махсус дода шудааст.
Дар робита ба ин, хангоми интихоби довталабон ба самтхои фанхои табии-математики афзалият дода мешавад:
- технологияхои иттилооти ва коммуникатсиони,
- зехни сунъи,
- эконометрика,
- ихтисосхои мухандиси.
Завки Завкизода таъкид дошт, ки бо риояи мукаррароти хамешагии Пешвои миллат, хар як донишчуи точик, ки дар хорича тахсил мекунад, вазифадор аст на танхо донишу интизоми аъло нишон дихад, балки арзишхо, фарханг ва дастовардхои Точикистонро дар арсаи байналмилали ба таври шоиста муаррифи намояд.
Ба донишчуён тавсия дода шуд ки тахсилро бо натичахои аъло ба анчом расонанд ва пас аз бозгашт ба Ватан ба рушди иктисодиёти милли ва чомеа фаъолона мусоидат кунанд
Аксхо: Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон