Душанбе, 28 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дастаи варзишгарони паралимпии Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии «Импульс» натиҷаи назаррас нишон дода, 35 медал ба даст овард, ки аз онҳо 19-то тилло мебошанд. Ин дастовард аз рушди босуръати варзиши мутобиқшаванда дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Фестивал рӯзҳои 26–27 март дар шаҳри Сочи баргузор гардида, беш аз 20 даста аз кишварҳои гуногунро гирд овард. Варзишгарон дар 30 намуди варзиш, ки барои шахсони дорои имконияти маҳдуд мутобиқ гардонида шудаанд, рақобат намуданд.
Аз Тоҷикистон 29 варзишгар иштирок намуда, дар риштаҳои пара-армрестлинг, пара-пауэрлифтинг, тенниси рӯи миз, дартс, шашка ва шоҳмот ҳунарнамоӣ карданд. Новобаста аз рақобати шадид, даста натиҷаҳои устувор нишон дода, яке аз муваффақтарин иштирокчиёни мусобиқа гардид.
Ҳиссаи асосии медалҳоро варзишгарони пара-армрестлинг ба даст оварданд — 21 медал, аз ҷумла 13 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ. Дар пара-пауэрлифтинг 7 медал (4 тилло ва 3 нуқра) ба даст омад, ки сатҳи баланди омодагии варзишгаронро дар риштаҳои қуввагӣ нишон медиҳад.
Дар дартс 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварда шуд. Дар намудҳои зеҳнӣ низ натиҷаҳо назаррас буданд: дар шоҳмот як медали тилло ва дар шашка 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) соҳиб гардиданд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин дастовардҳо на танҳо нишонаи маҳорати варзишӣ, балки таҷассумгари иродаи қавии варзишгарон мебошанд. Иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди варзиши фарогир мусоидат мекунад.
Муваффақият дар фестивали «Импулс» нишон медиҳад, ки варзишгарони паралимпии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор месозанд ва симои нави варзиши миллиро ташаккул медиҳанд.
Акс: ташкилкунандагони фестивали «Импульс»
