Душанбе, 20 май, АИ Караван Инфо. Аз соли 2011 то 2024 кисми забонии яке аз пиряххои калонтарини Точикистон Хирсон дар хавзаи дарёи Ванч такрибан 828 метр кохиш ёфтааст. Дар ин бора сардори шуъбаи пешгуихо, иттилоот ва бойгонии маркази глятсиологияи Агентии гидрометеорологияи назди Кумитаи Хифзи мухити зисти Точикистон Тамлихо Чурабеков хабар дод.

Коршиносон сабаби асосии обшавии пиряххоро тагйирёбии иклим ва гармшавии глобали меноманд, ки аллакай ба устувории биосфера таъсири чидди мерасонад.
Далелхои Пиряхи Хирсон:
- Пиряхи Хирсон дар хавзаи дареи Ванч чойгир аст;
- Аз баландии 4690 м огоз ёфта дар баландии 2900 м аз сатхи бахр ба охир мерасад;
- Дарозии умумии он 15,8 км, майдони он 25,3 км2 мебошад;
- Аз пирях дарёи Хирсдара шохаи Абдукаххор чори мешавад, ки ба Ванчдарё рехта мешавад;
- Аз охири асри XX пирях хамчун водии тасниф намуда мешавад.
Мувофики маълумоти глятсиологхо, Пиряхи Хирсон аз сабаби динамикаи ноустувори худ яке аз хатарноктарин пиряххои Точикистон ба хисоб меравад. Аз соли 1914 то 2002 он хафт маротиба харакат намуда, таваччухи мухаккиконро ба худ чалб намуд.
Хусусияти фарккунандаи пирях дар он аст, ки дар кисми болоии он порахои азими ях чамъ мешаванд, ки баъдан ба поён меафтанд ва обшавии босуръатро ба вучуд меоранд.
Ба гуфтаи коршиносон, тагйирёбии иклим, ки аз партовхои газхои гулхонаи, нобудшавии чангалхо ва ифлосшавии мухити зист ба вучуд омадааст, омили асосии обшавии пиряххо ва тахдид ба захирахои об дар оянда боки мемонад.
Аксхо: маркази глятсиологияи агентии гидрометеорологияи Точикистон