Остона, 08 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Аз санаи 22 то 26 апрел дар Маркази Президентии Остона IX намоишгоҳи Байналмилалии Astana Eurasian Book Fair-2026 баргузор мешавад, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои фарҳангии минтақа мебошад.

Ташкилкунанда нашриёти “Фолиант” бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва иттилоот ва хукумати пойтахт мебошад. Дар ин чорабинӣ тақрибан 80 ширкат, аз ҷумла нашриётҳо ва ташкилотҳои илмӣ-таълимӣ аз Қазоқистон ва зиёда аз даҳ кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд намуд.
Барнома барои панҷ рӯз пешбинӣ шудааст ва муаррифии китобҳо, вохӯриҳо бо муаллифон, автограф-сессияҳо ва мастер-классҳо, аз ҷумла барои кӯдаконро дар бар мегирад. Ба меҳмонон доираи васеи адабиёт — аз классикӣ то нашрияҳои муосир ва албомҳои аксҳо пешниҳод намуда мешаванд.
“Astana Eurasian Book Fair як майдончаи беназир аст, ки муаллифон, ноширон ва хонандагонро муттаҳид мекунад ва уфуқҳои нави муколамаи фарҳангиро мекушояд”.
Санаи 23 апрел, дар рӯзи миллии китоб, маросими ҷоизасупорӣ барои ғолибони озмуни “Ұттиқ кітап” баргузор мешавад. Ифтитоҳи намоишгоҳ санаи 22 апрел бо иштироки нависандагони маъруф, ходимони ҷамъиятӣ ва меҳмонони хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аксҳо: ҳукумати Остона
