Москва, 29 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Ваъдаи иттиходи аврупо дар бораи сармоягузории 600 миллиард доллар ба иктисоди ИМА, ки дар доираи созишномаи Тичорати бо Вашингтон эълон шудааст, ичро намешавад. Дар ин бора нашрияи Politico бо истинод ба намояндагони ИА хабар дод.

Сабаби асосии маблагхо бояд танхо аз бахши хусуси, ки Комиссияи Аврупо ба он таъсири мустаким надорад, ворид мешуд.
Тибки иттилои нашрия, Брюссел хануз механизмхо е ангезахои мушаххасро барои чалби чунин сармоягузори пешниход нанамудааст ва мухлати татбики онхо номуайян боки мемонад.
Каблан Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи созишномаи бадастомада изхор дошт, ки ИА аз чори намудани 30 фоизи бочи воридоти барои махсулоти ба ИМА интиколёфта канорагири мекунад.
Дар ивази ин, чониби аврупо ухдадор шуд, ки неруи барки амрикоиро, аз чумла гази моеъро ба маблаги 750 миллиард доллар харидори кунад ва инчунин ба иктисоди амрико 600 миллиард доллари дигар сармоягузори кунад.
Сардори ВКХ-и Русия Сергей Лавров ин созишномаро танкид намуда, кайд намуд, ки он ба деиндустриализатсияи Аврупо ва радди нихоии энергетикии русия ба манфиати ИМА оварда мерасонад.
Коллаж: АИ Бахори Сурх