Санаи 25 феврал дар Душанбе чаласаи Шурои амнияти Точикистон баргузор гардид, ки дар он масъалахои асосии мудофиа ва тартиботи хукуки барраси шуданд.
Мавзуъхои асосии мулокот масъалахои таъмини амнияти милли, тахкими тартиботи хукуки ва мубориза бо чинояткори буданд. Президенти кишвар як катор супоришхоро оид ба баланд бардоштани омодагии чангии куввахои Мусаллах, бехтар намудани мубориза бо зухуроти чинояти ва пешгирии ходисахои номатлуб дод.

Яке аз диккати асоси ба баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон, азхудкунии технологияхои нав ва истифодаи зехни сунъи дар сохахои амният ва тартиботи хукуки буд.
Илова бар ин, чорахои мубориза бо тахдидхои террористи ва экстремисти, кочоки маводи мухаддир ва чинояткории муташаккил хам дар сатхи милли ва хам дар сатхи байналмилали барраси шуданд.
Дар натичаи чаласа карорхое кабул намуда шуданд, ки ба бехтар намудани хамохангсозии байни сохторхои давлати ва баланд бардоштани самаранокии мубориза бо тахдидхои амнияти равона намуда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомали Рахмон дар суханронии табрикотии худ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсиси куввахои Мусаллахи мамлакат таъкид дошт, ки дар шароити муосир сохторхои низоми ва хифзи хукук бояд ба рушди технологияхои навтарин, аз чумла зехни сунъи таваччухи хоса зохир намоянд.
Вай кайд намуд, ки дар шароити чахони босуръат тагйирёбанда на танхо баланд бардоштани касбияти хизматчиёни харби, балки навсозии тачхизот, фарохам овардани шароити бехтар барои хидмат ва тахкими кудрати мудофиавии кишвар мухим аст.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон