Душанбе, 27 июн, – АИ « Караван инфо». Санаи 26 июни соли 2025 дар доираи сафари кори дар Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон ба маркази маъмурии вилоят – шахри Хоруг, баъди ба истифода додани як катор иншооти мухим дар нохияхои Ванч, Дарвоз, Рушан ва Рошткалъа омад.

Дар фурудгохи Хоруг Сарвари давлатро намояндагони рохбарияти вилоят, фаъолони чамъияти, зиёиёни эчоди, намояндагони касбхои гуногун ва хазорхо сокинони ватандуст бо эхтироми баланд ва мухаббати самими пешвоз гирифтанд. Ин вохури барои шахрвандон манбаи рушди рухони ва шаходати робитаи мустахками мардум бо Пешвои миллат гардид.
Ходимони фархангии минтака барномаи пурмазмунеро омода намуданд, ки сулху вахдат, истиклолият ва озодиро тачлил намуда, накши таърихии Президент Эмомали Рахмонро дар рушди сиёсиву ичтимоии мамлакат таъкид менамоянд. Хар як боздид аз Пешвои миллат ба ин минтакаи дурдаст маънои амики сиёси ва хамачонибаи ичтимоию иктисоди дорад, ки ба равандхои эчодкори ва рушди устувор мусоидат мекунад.

Хазорон нафар сокинони Хоруг бо изхори мухаббати худ ба Сарвари давлат бо парчамхои милли ба кучахо баромада, фазои идонаи вахдати милли ва дастгирии сиёсати давлатиро фарохам оварданд. Мулокоти тантанави рамзи эътимоди мардум ба сиёсати окилона ва дурандешонаи Президент ва азми мардум дар рохи тахкими давлатдори ва ватандусти гардид.
Хамин тарик, сафари Президенти Мамлакат Эмомали Рахмон ба шахри Хоруг вахдат ва суботро дар минтака таквият бахшида, таваччухи пайвастаи рохбарияти олии кишварро ба рушду некуахволии хар гушаи Ватан тасдик менамояд.
