Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лев XIV телеграммаи табрики фиристод – ИА Караван Инфо
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лев XIV телеграммаи табрики фиристод

Душанбе, 12 май, АИ Караван Инфо. 10 май Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лев XIV телеграммаи табрики фиристод, ки дар он гуфта мешавад::

“Чаноби Оли,

Ман ифтихор дорам, ки ба шумо табрикоти самимии худро ба муносибати интихоби шумо хамчун Попи Рум, сарвари калисои католики ирсол мекунам.

Бовари дорам, ки тахти Мукаддас тахти рохбарии созандаи Шумо минбаъд низ дар татбики хамачонибаи принсипхои сулху субот, тахаммулпазири, ризоияти умуми, инчунин пешбурди арзишхои умумиинсони ва муколамаи байни тамаддунхо сахми арзанда гузошта, мавкеъ ва эътибори худро дар арсаи байналмилали боз хам таквият мебахшад.

Точикистон хамеша ба рушд ва густариши муносибатхои нек бо Ватикан дар тамоми самтхои мавриди таваччухи тарафайн манфиатдор аст.

Мо изхори омодаги менамоем, ки минбаъд низ бо Максади идомаи хамкорихои созанда бо Ватикан, ки дар асоси хамдигарфахми, некуахволи ва эхтироми мутакобилаи хамкории созанда ба рох монда ва рушд мекунад, кушишхои судманди муштарак ба харч дихем.

Ба шумо саломатии хуб, хушбахти ва муваффакият дар фаъолияти минбаъдаи худро таманно дорам.

АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: