Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сухбати телефони анчом дод – ИА Караван Инфо
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сухбати телефони анчом дод

Душанбе, 19 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 18 август сухбати телефонии Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат Эмомали Рахмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни сухбат Сарони ду давлат масъалахои мубрами рузномаи байналмилали ва чанбахои алохидаи муносибатхои дучонибаро муфассал барраси намуданд.

Пешвои миллат ахамияти махсуси сиёсии натичахои мулокоти президентхои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттахидаи Амрикоро дар Аляска барои паст намудани сатхи ташаннуч ва тахкими хамдигарфахми дар арсаи чахони таъкид намуда, чонибдори раванди сулхомези халли бухрони украина гардид.

Дар рафти сухбат масъалахои чории хамкории дучонибаи точикистону русия низ мавриди таваччухи тарафайн карор гирифтанд.

Чонибхо дар бораи идомаи муколама ва тамосхои сатхи оли ба мувофика расиданд.

АКСХО: НИАТ “Ховар”

error: